Ҳукумат ба расонаҳои мустақил бояд кӯмак расонад, зеро мавҷудияти онҳо барои пешрафти ҷомеа муҳим аст.

Ҳамасола дар дунё рӯзи 3-юми майро чун Рӯзи озодии баён ҷашн мегиранд ва дар арафаи ин ид созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба сатҳи озодии баён дар мамолики дунё гузоришҳо таҳия мекунанд. Яке аз чунин созмонҳо “Гузоришгарони бидуни марз”-и “Хонаи озодӣ” аст, ки ҳамасола аз вазъи озодии баён дар кишварҳои дунё хабар медиҳад. Ин созмон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар рейтинги имсола 34 зина пойин рафтааст. 
Чунин баҳогузории созмони зикршударо бархе аз коршиносони тоҷик пуштибонӣ кардаву вазъи озодии баёнро дар кишвар нигаронкунанда медонанд. 
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ мегӯяд, гузориши ин созмон гувоҳи мушкилот доштани мо дар самти тавсеаи озодии баён аст. Ба андешаи ӯ, инҷо мушкил аз маҳдудсозии шароити озодии итттилоот, аз ҷумла дастрасӣ ба сарчашмаҳои иттилоот сар мезанад. Ҳамзамон, ба таъкиди ин коршинос, баланд рафтани сатҳи худсонсурӣ миёни расона ва журналистон бо сабабҳои объективию субъективӣ боиси вахим шудани вазъи озодии баён мебошад. 
Вале журналистоне, ки дар расонаҳои давлатӣ фаъолият доранд, ба гузориши ин созмони хориҷӣ начандон розианд. Аҳмадзода Умед, хабарнигори телевизиони “Варзиш” бар он назар аст, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар ин масъала намелангад ва дар ҷомеаи Тоҷикистон имкони озодона баён намудани андеша фароҳам аст: 
- Агар як назар афканем ба матбуот, шумораҳои шабака, радио, рӯзномаву маҷалаҳои мустақил нисбат ба давлатӣ бамаротиб зиёданд. Ин худ гувоҳи он аст, ки давлат дастрасӣ ба ин муассисаҳо ё медия-ширкатҳо надорад ва ба кори онҳо дахолат низ намекунад. Агар мушахассан дар мавриди кори худам ба ҳайси як журналист ҳарф занам, дар тӯли тамоми фаъолиятам, ки собиқаи беш аз 15-сола дорам, боре нашуда, ки касе садди роҳам шуда бошад ва ё фармон дода бошад, ки ба кадом масоил даст бизанаму ба кадомаш не,- меафзояд номбурда.
Набиҷон Юсупов, рӯзноманигори дигари тоҷик бошад, чунин назар дорад, ки озодии баён дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бадтар аст. Ӯ дар ин ду сабабро мебинад, ки якум - ин фишор овардан ба журналистон ва дуюм, бо ҳар баҳона ба додгоҳ кашидани рӯзноманигорон ва расонаҳо мебошад: “Ин мушкилиҳо боиси бадтар шудани вазъи озодии баён ва авҷ гирифтани худсонсурӣ дар ВАО гардид”. 
Ба назари коршиносон, буҳрони иқтисодӣ низ ба вазъи озодии баён дар кишвар таъсири манфии худро гузоштааст. Коршиносон чунин таҳлил мекунанд, ки бо сар задани буҳрони иқтисодӣ вазъи молии расонаҳо, ба вижа расонаҳои мустақил бад шуда, дар натиҷа маоши рӯзноманигорон кам гардид, ки аз ин сабаб аксари онҳо тарки касбу кор кардаанд.
Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи «Вечерка» мегӯяд, ҳарчанд озодии мутлақ, аз ҷумла озодии сухан вуҷуд надорад, вале вазъи имрӯзаи озодии баён дар кишвар муташанниҷ аст: “Албатта инҷо сабабҳои зиёд мавҷуданд, вале ман якеашро мегӯям, ки нақши муҳимеро дар рушди ҷомеаи демократӣ мебозад ва ин хуруҷи зиёди аҳолӣ аз кишвар аст. Вақте аҳолии русзабон, мардуми пешқадам ва соҳибкасб тарки кишвар мекунанд, хеле ҳам нигаронкунанда аст”.
Дар соли гузашта аз як тараф вазъи бади молӣ ва аз ҷониби дигар вазъи ваҳими озодии баён боис шуда, ки бархе аз рӯзноманигорони тоҷик тарки касб кунанд ва бархеи дигар ба мамолики хориҷа кӯч банданд. Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки тайи як соли гузашта камаш даҳ хабарнигори тоҷик тарки кишвар кардаву ба мамолики Амрикову Аврупо рӯй оварда, дархости кӯмаку паноҳандагӣ кардаанд.
Журналисти тоҷик Умед Аҳмадзода аз тарки кишвар кардани ҳампешагонаш чандон розӣ набуда, мегӯяд, ҳарчанд ин кор ихтиёрӣ аст, вале бояд шахси ватандӯст барои мардуми ватани хеш хизмат кунад: “Ҳар шахс дар масоили тасмимгирӣ мустақил аст. Агар ин хабарнигорон фикр карданд, ки ин ҷо майдон ҷиҳати амалӣ кардани идеяҳояшон тангӣ мекунад, пас ихтиёр доранд дилхоҳ кишвари оламро интихоб кунанд. Аммо ман дар ягон ҷои Аврупову Амрико чунон озодиеро намебинам, ки ба қавле ҷигарат об хӯрад. Тамоми расонаҳо чӣ дар Аврупо ва чӣ дар Амрикову Канада ва умуман дар тамоми олам манфиатҳои як гуруҳеро ҳатман пуштибонӣ мекунанд. Лекин, агар ҷиддан ба ин масъала назар кунем, мо ин ҷо тарбият ёфтем, илм омӯхтем, соҳиби обрӯ шудем. Пас чаро ин ҳамаро дар бозори дохилӣ нею дар хориҷ фурӯшем? Бале, онҷо маблағ зиёд медиҳанд, аммо донишамонро агар дар кишвар истифода кунем, ба мардум ва давлату миллат манфиаташ бештар мерасад”.
Нуриддин Қаршибоев бошад, аз тарки ватан кардани ҳамкасбонаш изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, шояд баъзе аз онҳо бинобар фишори ҳуқуқию равонӣ нисбаташон маҷбуран тарки кишвар карда бошанд. Ин коршинос таъкид бар он мекунад, ки бояд ин қазияҳо мавриди баррасии амиқ қарор гиранд: “Ин қазияҳо бояд мавриди баррасии мӯшикофона қарор гиранд, на ҷаллобии сиёсӣ. Як чиз мусаллам аст, ки аз "ихроҷи ақлҳо" ё "тарки мағзҳо” ҳеч давлате бурд намекунад ва ин ҳодисот бояд боиси нигаронии давлатмардон бошад”.
Аз рӯйи гуфтаҳои таҳлилгарон ва созмонҳои ҳомии башар, вазъи имрӯзаи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст ва дар сурати наандешидани чораҳои самарабахш барои дастгирии расонаҳои мустақил аз ҷониби Ҳукумати кишвар, хавфи аз байн рафтани онҳо ва бадтар шудани вазъ вуҷуд дорад. Аз ин хотир, коршиносон бар онанд, ки Ҳукумат ба расонаҳои мустақил бояд кӯмак расонад, зеро мавҷудияти онҳо барои пешрафти ҷомеа муҳим аст.

Санҷар ҲОШИМӢ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер