Недоступен ни однин перевод.

Асадулло Саъдуллоев 22-уми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва бахши филологияи онро соли 1962 хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз ягона шабакаи телевизиони давлатии кишвар чун муҳаррири барномаҳо оғоз кардааст. Аммо ду сол баъд ба кори газета гузашта ва муддати 17 сол дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Тоҷикистони советӣ” дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир кор кардааст.

Ҳамзамон бор кори журналистӣ ба кори илмӣ низ пардохтааст. Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториро ҳимоя кардааст.

Асадулло Саъдуллоев дар баробари кор дар нашрияҳои мухталиф ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, дар факултаи журналистика дарс мегуфт.

Солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд.Асадулло Саъдуллоев муаллифи беш аз 40 асари илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад.

Узви Иттифоқи журналистон (1965) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992) аст. Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон мебошад.

Соли 1998 барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ шуда, худи ҳамон сол бо медали “Хизмати шоиста”  қадр шудааст. 
Корманди шоистаи Тоҷикистон  аст.

Носирҷон Маъмурзода, устоди кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав мегӯяд, “Кори устод Саъдуллоев ва муносибаташ бо шогирдон саропо панду ибрат аст. Бо вуҷуди серкорӣ, ҳеч гоҳ профессор аз посух ба саволи шогирд канораҷӯӣ намекунанд. Ҳамеша бо тозаназарӣ, гуфта тавонистани ҳарфи нав, таъсирбахшии сухан шогирдон ва хонандаҳои асари худро мутаҳайир мекунанд. Устод журналистика ва журналистони тоҷикро прогрессив ва ҳамқадами замон дидан мехоҳанд”.

Номзади илми филология Сангини Гулзод, яке аз шогирдони муваффақи Асадулло Саъдуллоев мушоҳида кардааст, ки устод ҳаргиз шогирдонашро бо назардошти маҳал ва зодгоҳ интихоб накардааст. “Барои Устод меъёри интихоби шогирд зодгоҳи шогирд набуд. Ва то ба имрӯз аз ин меъёр сарфи назар накардаанд. Ин аст, ки шогирдонашон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва тоҷикнишин ҳастанд. Таҳти роҳбарии Устод корҳои курсиву рисолаи дипломӣ навиштам…”

Сангини Гулзод ин нуктаро ибратомӯз медонад, ки Асадулло Саъдуллоев “аз ҳама вазифаҳо - муовини сармуҳаррири «Газетаи муаллимон» (ҳоло нашрияи «Омӯзгор»), сармуҳаррири нашрияи «Ватанпарвар», мудири кафедраҳои телевизион ва радиошунавонӣ (соли 2002, 2009), журналистикаи байналхалқӣ (соли 2006), декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ (соли 2005) бо хоҳиши худ рафтаанд. Ҳеч ба ғазаб намеоянд, ба касе хархаша ҳам намекунанд”.

Асадулло Саъдуллоев доктори илмҳои филология, профессор, аввалин раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон, узви Шӯроҳои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер