Недоступен ни однин перевод.

Дирӯз дар толори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохта бо рӯзноманигорони ҷавон дар мавзӯи "Мавқеи таҳқиқоти фарҳангӣ дар журналистикаи тоҷик" вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ин семинар тақрибан 20 нафар журналисти ҷавон аз расонаҳои гуногун ширкат доштанд.

Султони Ҳамад, ки худ дар ин самт муваффақ аст, нақши тадқиқоти фарҳангӣ дар кишвар ва нозукиҳои онро ба рӯзноманигорони ҷавон муаррифӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон таҳқиқоти фарҳангӣ хеле камчин аст ва то ҳол ба дараҷае омада нарасидааст. Вале, қайд гардид, ки кам будани чунин тадқиқотҳо дар кишвар омилҳои зиёди худро дорад.

Ҳамзамон дар семинар аз зиндагиномаи Алмоси Шарқ, Аҳмад Зоҳир дар ҳамбастагӣ бо тадқиқотҳои анҷомдодаи худи рӯзноманигори шинохта сухан рафта, журналистон тавонистанд маълумотҳои зиёди муфидеро аз худ намоянд.

Бояд гуфт, ки паҳлӯҳои гуногуни жанри мусоҳиба ва роҳҳои муваффақияти он ба журналистони ҷавон низ фаҳмонида дода шуд.

Дар вохўрии мазкур журналистон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои сареҳ гирифтанд.

Faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер