Иттилоия
 Имрӯз дар  маҷмааи Шарки озод бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҶТ мизи мудаввар дар  мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон» маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ѓайра иштирок доштанд. Маҳфилро Дабири кулли Шӯрои ВАО-и ҶТ Сангин Гулов оѓоз намуда, зикр кард, ки дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунанда меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист.  Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ  талош  бар он  дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро  ба вуҷуд меоранд. Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифтанд. 
Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ѓайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Телефон барои маълумоти иловагӣ:                                                                     2385407;  907-66-90-90

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер