Низомномаи
Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Бо қарори Конфронси муассисон  аз  30 октябри соли 2009  тасдиқ шудааст

                                 Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми ҷамъиятӣ,   мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд.

1.2. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад.

1.3. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад.

1.4. Шӯро дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои соҳавии ВАО, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

1.5. Шӯро воситахои ахбори омма ва журналистонеро, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф мекунанд, сарфи назар аз он ки дар ВАО-и ҳукуматӣ, хусусӣ, ҳизбӣ фаъолият доранд ё журналисти мустақил мебошанд, муттаҳид мекунад.

1.6. Шӯрои ВАО татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро таъмин намуда,  маводро оид ба баҳс миёни ВАО ва ҷомеа, мақомоти ҳокимият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ, аз ҷумла моҷарои касбии миёни рузноманигорон, ки ба масъалаҳои одоби касбӣ дахл мекунад, баррасӣ мекунад.

1.7. Ҳангоми фаъолият Шӯро мақсадҳои зеринро пайгирӣ мекунад:
1.7.1. ташаккули фарҳанги касбӣ ва журналистикаи поквиҷдонона;
1.7.2. барқарорсозӣ ва таҳкими боварӣ ба ВАО;
1.7.3. таҳкими озодии ВАО дар кишвар;
1.7.4. ҳимояи мустақилияти касбӣ дар ВАО;

1.8. Ҳангоми баррасии шикоят Шӯро ба он ҷахд менамояд, ки:
1.8.1. муколамаи созанда миёни тарафҳои баҳс таъмин гардад;
1.8.2. иштирокчиёни баҳс меъёрҳои муқарраргардидаи байналмилалии ахлоқи журналистӣ ва зарурати истифодаи онҳоро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ дарк намоянд.

1.9. Муассисони Шӯро:
       Созмонҳои журналистӣ ва ВАО-и Тоҷикистон

                        Боби 2. Тартиби таъсиси Шӯро

2.1. Шӯро аз намояндагони ВАО ва созмонҳои журналистӣ таъсис дода мешавад. Номзадҳо ба ҳайати Шӯро аз ҷониби муассисон, ҳайати эҷодии дигар ВАО ва иттиҳодияҳои журналистие, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро эътироф намудаанд, пешбарӣ карда мешаванд. Аъзои Шӯро дар конфронси муштараки муассисон ба таври алтернативӣ пешниҳод ва ба муддати се сол интихоб карда мешаванд. Шӯро аз 9 нафар иборат мебошад. Аъзои Шӯро на бештар аз ду мӯҳлат ҳаққи интихоб шуданро дорад. Ба маҷлисҳои Шӯро яке аз аъзои он бо навбат роҳбарӣ мекунад.
2.2. Аъзои Шӯро фаъолияти худро дар асоси ҷамъиятӣ, бидуни маош пеш мебаранд. Раиси  Шӯро  аз ҷумлаи аъзои он ба мӯҳлати як сол, на бештар аз ду мӯҳлат интихоб карда мешавад. Мансаби Раиси Шӯро ифтихорӣ аст.
 2.3. Шӯро барои фаъолияти рӯзмарраи худ, аз ҷумла  барои қабули шикоятҳо, омода намудани онҳо барои баррасии аъзои Шӯро дастгоҳи иҷроия иборат аз се нафар таъсис медиҳад, ки ба он Дабири кулл роҳбарӣ мекунад.
2.4. Маҷлиси умумии муассисон соле як бор даъват карда мешавад. Дар маҷлис ҳисоботи солонаи Шӯро баррасӣ мегардад. Маҷлиси муассисон салоҳияти иваз кардани сеяки аъзои Шӯроро дорад.     
2.6. Ҳар кадом аъзои Шӯро ба таври зерин савганд ёд мекунад:
«Дар даврае, ки  узви Шӯрои ВАО-и ҶТ ҳастам, тамоми райъ ва ақидаи худро танҳо барои татбиқи ҳақиқат ва адолат истифода менамоям».

                             Боби 3. Баррасии шикоят
3.1. Маҷлиси Шӯро аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар ду моҳ, ба ибтикори Дабири кулл ва ё пешниҳоди сеяки аъзо даъват карда мешавад.
3.2. Маҷлиси Шӯро замоне баргузор мегардад, ки дар он аз се ду ҳиссаи аъзо иштирок дошта бошанд.
3.3. Шикоят ба Шӯро дар шакли хаттӣ бо замимаи нусхаи маводи мушаххас ва ҳангоми зарурат дигар ҳуҷҷатҳо пешниҳод мегардад.
3.3. Шӯро шикоятҳоеро баррасӣ мекунад, ки аз муддати нашри маводи марбут ба онҳо на зиёдтар аз 2 моҳ сипарӣ шуда бошад.
3.6. Агар ҳангоми баррасии шикоят шахсони манфиатдор иштирок надошта бошанд, Шӯро метавонад шикоятро муҳокима ва дар ѓайби онҳо низ қарор қабул кунад.
3.7. Шӯро аризаҳои беимзоро барои баррасӣ қабул намекунад.

     Боби 4. Тартиби қабули қарори Шӯро ва нашри он
4.1. Дар натиҷаи баррасии шикояти воридшуда, Шӯро яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:
- рад кардани шикоят;
- қонеъ кардани шикоят;
- ба мусолиҳа ва созиш даъват кардани тарафҳо.
4.2. Дар мавриди қонеъ намудани муроҷиат чораҳои зерини хусусияти ахлоқӣ дошта андешида мешаванд:
- огоҳии касбӣ (шифоҳӣ);
- сарзаниш;
- нашри узр дар ВАО.
4.3. Қарори Шӯро бо аксарияти овозҳо (консенсус - 1 овоз) қабул карда мешавад ва иҷрои он аз тарафи иштирокдорон, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро эътироф кардааанд, ҳатмӣ мебшад.
4.4.  Қарори қабулнамудаи Шӯро ба ҳамаи тарафҳои баҳс пешниҳод ва нашри он тавсия дода мешавад.
4.5. Вобаста ба хислати шикояти баррасишаванда қарори Шӯро ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фиристода мешавад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер