Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

15
Фев 2016
Конфронси матбуотӣ оид ба масъалаи таъмини оби нўшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар Тоҷикистон
Печать E-mail

Санаи 16-уми феврали соли 2016 соати 10.00 дар Маркази ҷумҳуриявии матбуоти назди ВКХ ҶТ нишасти матбуотӣ дар мавзўи «Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нўшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута дар назар аст.

Муфассал...
 
12
Фев 2016
Иброҳим Усмонов
Печать E-mail

Муаррих ва рӯзноманигори тоҷик. Шахсе, ки дар ин ду касб муваффақ будааст. Муддате кори сиёсӣ ҳам кардааст, вазир ҳам будаасту раиси кумита низ. Вале маъруфияташ чун устоди журналистон бештар аст.

Ҳақиқатнигорӣ, бетарафӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиромро аз принсипҳои аслии журналистика медонад.  Доктори илми таърих, профессор. 
10-уми сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) дида ба олам кушодааст.  Бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар Донишгоҳи Маскав аспирантура хондааст.

Муфассал...
 
12
Фев 2016
Асадулло Саъдуллоев
Печать E-mail

Асадулло Саъдуллоев 22-уми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва бахши филологияи онро соли 1962 хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз ягона шабакаи телевизиони давлатии кишвар чун муҳаррири барномаҳо оғоз кардааст. Аммо ду сол баъд ба кори газета гузашта ва муддати 17 сол дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Тоҷикистони советӣ” дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир кор кардааст.

Муфассал...
 
12
Фев 2016
Мулоқоти Султони Ҳамад бо журналистони ҷавон
Печать E-mail

Дирӯз дар толори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохта бо рӯзноманигорони ҷавон дар мавзӯи "Мавқеи таҳқиқоти фарҳангӣ дар журналистикаи тоҷик" вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ин семинар тақрибан 20 нафар журналисти ҷавон аз расонаҳои гуногун ширкат доштанд.

Султони Ҳамад, ки худ дар ин самт муваффақ аст, нақши тадқиқоти фарҳангӣ дар кишвар ва нозукиҳои онро ба рӯзноманигорони ҷавон муаррифӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон таҳқиқоти фарҳангӣ хеле камчин аст ва то ҳол ба дараҷае омада нарасидааст. Вале, қайд гардид, ки кам будани чунин тадқиқотҳо дар кишвар омилҳои зиёди худро дорад.

Муфассал...
 
Еще статьи...
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер