Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

02
Май 2016
Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар муҳтавои матбуоти чопии кишвар, январ –феврали соли 2016
Печать E-mail

Мониторинг:  Январ-феврали соли 2016

Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  дар муҳтавои баъзе нашрияҳои чопии кишвар, январ-феврали  соли 2016, ки аз ҷониби Шўрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки то андозае идораи нашрияҳо  меъёрҳои ахлоқии касбии худро  риоя намуда, дар баёни матолиби худ  нафосати баёнро нигоҳ доштаанд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки вайрон гардидани бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бештари вақт дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, хоса интихоботи президентиву парлумонӣ ба назар мерасанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки дар нашрияҳо матолибро аз номи муаллифони ношинос ё начандон шинос ва дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ ба нашр мерасонанд. Таҳлили матолиби нашршудаи нашрияҳои чопии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон нишон медиҳанд, ки вайрон гардидани ин талабот, хоса дар шакли бисёр дағал вайрон шудани онҳо, камтар ба назар мерасанд.

Муфассал...
 
02
Мар 2016
Илҳом Ҷамолиён
Печать E-mail

Аз чеҳраҳои матраҳи журналистикаи тоҷик аст. То ҳадде ки рушди  20 соли охири соҳа дар калонтарин вилояти кишварро наметавон аз ному ӯ ҷудо донист.  Ва чун ба зиндагиномааш менигарем, мебинем, ки ҳар кореро, ки оғоз кардааст, аз аввалинҳо будааст. Чунончӣ, меъмори “Вароруд” аст, ки имрӯз як расонаи муътабар дар шимоли кишвар маҳсуб мешавад.

Илҳом Ҷамолиён 18-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи хизматчӣ дида ба олам кушодааст. Таҳсилоти умумиро дар мактаби миёнаи №16 ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, соли 1977, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, бахши журналистикаи онро дар он соли 1982 хатм кардааст.

Муфассал...
 
28
Фев 2016
«Мақсуд Ҳусейн- репортёр»
Печать E-mail

Бо ташаббуси Шӯрои ВАО рӯзи душанбе, 29 феврал соати 10 дар толори хурди маҷмааи «Шарқи озод» маҳфиле зери унвони «Мақсуд Ҳусейн- репортёр» доир мешавад.

Муфассал...
 
16
Фев 2016
Вақте Президент ба журналист занг мезанад…
Печать E-mail

Мусоҳибаи Ҷасур Абдуллоев ва Диловар Салимов бо Ҳуҷатуллоҳ Муҷадидӣ, муовини раиси Шӯрои рӯзноманигорони мустақили Афғонистон

- Вазъи имрӯзаи рӯзноманигорон дар Афғонистон чӣ гуна аст? Озодии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Журналист ва журналистикаи Афғонистон, ки дар муқоиса ба кишварҳои минтақа бӯҳрони сисоларо паси сар кардааст, рушд карда истодааст. Ба ҳаде, ки мардуми афғон дар аввал чунин пешравиро чашмдор набуданд. Расонаҳои ҳам савтӣ ва ҳам чопиву тасвирӣ ба ҳади кофӣ, пас аз соли 2001, ба вуҷуд омаданд. Кӯмаки дасти хориҷа барои рушди журналистика дар кишвар тӯли чанд соли охир коҳиш ёфт. Барои тоифаи журналистони афғон дар умум озодӣ вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд, бе монеа дилхоҳ хабарро ба гӯшаву канори Афғонистон расонанд. Қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар давраи Ҳукумати ваҳдати миллӣ бо фармони доктор Ашраф Ғанӣ боз кори журналистонро сабук кард. Ин иқдом ҷилавгирӣ аз маҳдудият барои расонаҳо буд. Вале бо вуҷуди ин, фаъолияти журналистон аз мушкилӣ холӣ нест.

Муфассал...
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер