Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

24
Ноя 2015
Дар Тоҷикистон боз 2 шабакаи нави телевизионӣ фаъол мешавад
Печать E-mail

То фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ - “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон 24-уми ноябр иттилоъ медиҳад, ки фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таини директорони ин шабакаҳо имзо шудааст.

Хуршед Файзуллозода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таин шудаанд.

Муфассал...
 
23
Ноя 2015
Даргузашти Аброр Зоҳир дар ҷои кор
Печать E-mail

Аброр Зоҳир, нависандаи маъруф ва директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 23 ноябр дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тавре наздикони марҳум ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Аброр Зоҳир, ки директори «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Душанбе буд, дар ҷои кораш даргузаштааст. Ба гуфтаи мусоҳибони "Озодагон" Аброр Зоҳир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст: "Маросими видоъ бо Аброр Зоҳир имрӯз, 23 ноябр дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе дар назар аст". 

Муфассал...
 
23
Ноя 2015
Даргузашти журналист-тадқиқотгари шабакаи аввал
Печать E-mail

Бахтиёр Сафаров, журналист-тадқиқотгари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бар асари фишори баланди хун даргузашт.

Тавре наздикони Сафаров ба “Озодагон” иттилоъ доданд, марҳум дар синни 47-солагӣ дар беморхонаи Ёрии таъҷилӣ бар асари фишорбаландӣ аз олам чашм пӯшид: “Маросими дафни Сафаров дар шаҳри Кӯлоб баъди зуҳри 21 ноябр доир гардид”.

Муфассал...
 
21
Ноя 2015
Майдони озодии баён дар Тоҷикистон тангтар шудааст?
Печать E-mail

Доманаи озодии баён дар Тоҷикистон, ба ақидаи нозирони умур, дар ин авохир хеле тангтар шудааст. Вале тарафдорони ҳукумат мегӯянд, ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.Матолиби расонаҳои Тоҷикистон ҳангоми баррасии мушкилоти ҷомеа аз ибораҳои “аз гуфтани ном худдорӣ кард”, “нахост дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад” пур шудааст.  Афзоиши истифодаи ин ибораҳоро коршиносон ба боло рафтани сатҳи худсонсурӣ ва маҳдуд шудани озодии байён дар Тоҷикистон медонанд.

Муфассал...
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер